ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев зарурати таъмини тафтиши ҳамаҷонибаи ҳамаи онҳоеро, ки ба Русия меоянд, изҳор дошт.
Вай дар ин бора дар ҷаласаи марбут ба масъалаи "Тамоюлҳои рушди вазъи ҷиноӣ дар Федератсияи Русия" чунин мавзеъгирӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши шумори унсурҳои радикалӣ, ки ба қаламрави Русия меоянд, имконпазир аст. Медведев афзуд, паноҳандагон аз Украина, аз ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетск метавонанд "ҳадафи осоне барои ҷинояткорон" шаванд.
"Маълум аст, гурезагон ҳамчун афроде, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд, метавонанд ҳадафи осоне барои навъҳои гуногуни ҷинояткорон гарданд", - гуфт Медведев.
Гузашта аз ин сиёсатмадори рус хостааст, волоияти қонунро дар манотиқи марзӣ, ки паноҳандагон он ҷо бурда мешаванд, бодиққат назорат кунанд. Барои пешгирии афзоиши ҷинояткорӣ фаъолияти ҳамоҳангшудаи вазорату идораҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ муҳим аст, шарҳ дод ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.