Малайзия ва Ветнам аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия пуштибонӣ намекунанд

Малайзия ва Ветнам аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия пуштибонӣ намекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Малайзия ва Ветнам ба мувофиқа расиданд, ки аз таҳримҳои зидди Русия пуштибонӣ накунанд. Дар ин бора сарвазири Малайзия Исмоил Сабри Яъқуб иттилоъ дод.
Сарвари Ҳукумати Малайзия гуфт, бо нахуствазири Ветнам Фам Вин Чин дар бораи вазъи Русияву Украина гуфтугӯ кардааст ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ин масъала бетараф боқӣ хоҳанд монанд.
Суханони сарвазирро хабаргузории "Bernama"-и Малайзия мунташир кардааст.

"Дар мавриди таҳримҳо алайҳи Русия. Мо аз ин таҳримҳо ва умуман ҳеҷ гуна таҳрими якҷониба пуштибонӣ намекунем. Мо танҳо таҳримҳои ҷорикардаи Шӯрои амнияти СММ-ро эътироф мекунем", - гуфт сарвазир.

Исмоил Сабри Яъқуб инчунин изҳор намуд, ки Малайзия "дар масъалаи таҷовузи хориҷӣ ба муқобили ягон давлати сохибихтиёр муросо намекунад".
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Як кишвари аврупоӣ аз таҳримҳои зидди Русия даст кашид
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.