ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Босния ва Ҳерсеговина алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ нахоҳад кард. Дар ин бора дар суҳбат бо хабарнигори нашрияи "Известия" узви президиуми раёсати ҳукумати ин кишвар Милорад Додик иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, иддае аз намояндагони Федератсияи мусалмонони хорватии ин кишвар аз маҳдудиятҳо алайҳи Маскав ҳимоят мекунанд, аммо мақомот дар талошанд, бо кумаки сафирон дар СММ ва Иттиҳодияи Аврупо манфиатҳои худро ҳифз намоянд.
"Босния таҳрим ҷорӣ накардааст, дар ин бора қарор вуҷуд надорад. Ин на дар президиуми Босния ва Ҳерсеговина, на дар парлумон ва на дар ягон ниҳоди дигар дар сатҳи тамоми кишвар қабул нашудааст", - гуфт Додик.
Аммо як мақоми Босния ва Ҳерсеговина гуфт, сербҳо аз тасвиби таҳримҳо худдорӣ мекунанд. Ҳамин тариқ давлат ба манъи парвози ҳавопаймоҳои Русия бинобар ҳузури онҳо дар системаи назорати авиатсия даст назадааст.
Ғайр аз ин Додик дар бораи имконнопазирии дохил шудани Босния ва Ҳерсеговина ба НАТО бидуни ризоияти Ҷумҳурии Сербия гуфт.
Аз соли 2017 инҷониб ин кишвар мавқеи бетарафро нигоҳ дошта, аз пайвастан ба блокҳои низомӣ худдорӣ мекунад.
Қаблан Туркия, Чин ва Сербистон эълон карданд, ки омода нестанд, алайҳи Федератсияи Русия таҳримот ҷорӣ кунанд. Ба гуфтаи масъулони ҳукумат, ин гуна иқдом натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.
Ёдовар мешавем, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели амалиёти вижа барои ҳифзи Донбасс алайҳи Русия маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ карданд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молӣ, энергетика, нақлиёт, технология ва сиёсати раводид таъсир расонидаанд.