ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар минтақаи ғарбии уқёнуси Ором метавонад штамми нави коронавирус зуҳур кунад. Дар ин бора дафтари матбуоти "Роспотребнадзор" хабар дод.
Ба феҳрасти кишварҳое, ки ба хатари бемории нав рӯ ба рӯянд, Чин, Ҷопон, Корея, Осиёи Ҷанубию Шарқӣ, Австралия ва Уқёнусия зикр шудаанд.
Зикр шудааст, ки дар Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Лаос, Бруней ва Тонго теъдоди гирифторон 30% дар қиёс бо нишондоди ҳафтаи пеш афзоиш ёфтааст. Коршиносон мегӯянд, дар ин минтақа штамми нави коронавирус эҳтимол хуруҷ намояд.
"Дар ҷаҳон аз теъдоди умумии гирифторшудаҳо тайи ҳафта - аз 12 то 18 март бештари ҳолатҳо ба минтақаи ғарбии уқёнуси Ором, бахусус Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Лаос, Бруней ва Тонго рост меояд", - зикр шудаст дар иттилоия.
Мақомдорони раёсатҳои "Роспотребнадзор" дар минтақаҳо дастур гирифтаанд, ки вазъиятро зери назорат гиранду алайҳи вуруди эҳтимолии COVID-19 чораандешӣ кунанд.
Қаблан табиби сироятшинос Евгений Тимаков изҳор карда буд, ки вазъ дар Русия ба эътидол омадааст, аммо вирус гум нашудааст.
Ӯ илова намуд, ки ҳолатҳои нави COVID-19 ҳамоно сабт шуда истодаанд ва ин вазъ то як муддати дигар давом хоҳад кард. Аммо дар зимн сатҳи мубталошавӣ майли коҳишёбӣ дорад ва низоми тандурустӣ аз уҳдаи идораи он мебарояд.
Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ахиран изҳор дошт, ки вазъи беҳдоштӣ ба эътидол омадаст ва ба ҳамин далел истифодаи QR-коду маҳдудиятҳои боздид аз муассисаҳои гуногуни фарҳангӣ, фароғатӣ ва варзишӣ лағв гардиданд.
Инчунин аз 15 март пӯшидани ҳатмии ниқоби тиббӣ дар шаҳри Маскав бекор карда шуд.
Қаблан профессори Донишгоҳи Арасту дар Юнон Демосфен Сариянис изҳор карда буд, ки штамми омикрон, ки ҳудуди 43 таҳаввул дорад, охирин штамми коронавирус хоҳад шуд.