ВУХ: Баёнияи Байден нисбати Путин эҳтимоли қатъи равобити Русияву Амрикоро ба вуҷуд меорад

Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, суханони Байден нисбати Путин метавонанд равобити Вашингтон ва Маскавро қатъ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Изҳороти ғайриқобили қабули раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден нисбати Владимир Путин, роҳбари Русия эҳтимоли қатъи равобити Маскаву Вашингтонро ба вуҷуд меорад, гуфтааст Вазорати умури хориҷии Русия.
Байден ҳафтаи гузашта гуфт, Путинро ҳамчун "ҷинояткори ҷангӣ" медонад. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, ахиран ба РИА “Новости” гуфт, чунин суханони раисҷумҳури Амрико, ки бар асари бомбҳои ин кишвар садҳо ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ҷон бохтаанд, ғайриқобили қабул ва нобахшиданиянд.
Кремл ин рафторро ба асабоният ва фаромӯшхотирии соҳиби Кохи Сафед рабт дод.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Барҷастаи низомии Мариупол ҳамчун шикасти артиши Украина ва НАТО
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.