Қувватов низ Қаҳрамони кураши Осиё шуд

Дар Қаҳрамонии кураши Осиё дар шаҳри Душанбе варзишгарони 24 давлати Осиё иштирок намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Паҳлавони дигари тоҷик Муҳаммадризо Қувватов низ қаҳрамони кураши Осиё гардид. Дар ин бора сомонаи "Варзиш" хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Қувватов дар вазни 60 кг дар марҳилаи ниҳоӣ бо намояндаи Ӯзбекистон Абдулазиз Ҳамроев вориди майдони рақобат шуд ва тавонист ӯро мағлуб намуда, барандаи медали тило гардад.
Паҳлавони тоҷик Қаҳрамони кураши Осиё шуд
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати кураши Осиё варзишгарон аз 24 давлати ин қора иштирок дошта, дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгари Тоҷикистон Дадахон Қурбоналиев дар вазни бештар аз 100 кг нишони тило ба даст овард. Қурбоналиев низ дар финал варзишкори ӯзбекистониро шикаст дод.
Манбаъ меафзояд, дар рӯзи дуюми мусобиқа се варзишгари дигари тоҷик Фазилат Гулбоева дар вазни 57 кг ва Субҳиддин Халилзода дар вазни 73 кг дар ҷойи дуюм ва Абубакри Акобир дар вазни 100 кг ҷойи савуми ин мусобиқаро аз худ карданд.