Ҳавопаймои мусофирбари "Boeing 737" бо 132 сарнишин дар минтақаи Учжоу, дар ҷануби Чин суқут кард.
Ба иттилои Раёсати ҳавонавардии мулкии Чин, ҳавопаймои мусофирбарии "Boeing 737"-и ширкати "China Eastern Airlines", ки ҳомили 123 мусофир ва 9 узви ҳайати халабонҳо будааст.
Таъкид шудааст, ки тамос бо "Boeing 737" дар ноҳияи Тенги ҳавзаи шаҳрии Вучжоу қатъ шудааст. Ҳавпопаймо аз самти Кунмин ба Ҳуанжоу парвоз доштааст.
Ба макони суқути ҳавопаймо масъулини хадамоти изтирорӣ фиристода шудаанд. Оташнишонҳоро зарур омадааст, пиёда то ба ҷои ҳодиса расанд.
Феълан мушаххас нашудааст, ки дар ҳавопаймо шаҳрвандони кадом кишварҳо қарор доштаанд.