ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, низомиёни кишвар нуқтаи фармондеҳӣ дар наздикии Киевро зери назорат гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин амалиёт ва ғасби нуқтаи фармондеҳӣ 61 низомии украинӣ таслим шуда, ба асорат афтиданд. Вазорати мудофиаи Русия таъкид намудааст, ки зиёда аз нисфи асирон афсари баландрутбаанд.
"Дар маҳалли Николаевка, дар наздикии Киев нуқтаи фармондеҳии мустаҳкаме зери назорат гирифта шуда, 61 низомии украинӣ, ки аз нисф зиёдашон афсарони баландрутбаанд, таслим шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.