ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи ҳамноми ин адиби маъруфро зиёрат кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон назди оромгоҳи рамзӣ, ки хоки он аз дахмаи асосии шоир аз шаҳри Қунияи Туркия ба кишвар оварда шудааст, ба хотири суботи сартосарии Ватан ва эҳтиром ба гузаштагон дасти дуо бардошт.
Таъкид шудааст, ки хоки оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо дастури раисҷумҳур аз Туркия оварда шуд ва тибқи муқаррароти дини мубини ислом, бо риояи аркони суннатии тоҷикон ба оромгоҳ гузошта шуд.
"Минбаъд ихлосмандон ва ҳаводорони ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ метавонанд онро зиёрат намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Мақбараи олим ва донишманди тоҷик дар ҳудуди Гулгашти Балхӣ ҷойгир мебошад. Мақбара дар масоҳати 50 метри мураббаъ бо баландии 5 метр бунёд гардида, деворҳои он бо нақшу нигори қадима, ки ба давраи зиндагии шоир хос аст, оро ёфтаанд.
Мақбараи рамзии Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон
© Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ соли 1207 дар ноҳияи Вахши Тоҷикистон таваллуд шуда, яке аз бузургтарин олимон ва шоирони равияи тасаввуфи халқи тоҷик аст. Осори бегазанди ӯ, аз ҷумла "Девони ғазалиёт" ё "Девони кабир" ва "Маснавии маънавӣ"-и Балхӣ аз дурдонаҳои арзишмандтарини адабиёти на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли халқиятҳои дунё мебошад.