Додгоҳ дар Маскав экстремистӣ эълон кардани "Meta"-ро баррасӣ мекунад

Додситонии кулли Русия талаб дорад, ки ширкати молики "Facebook", "Instagram", "WhatsApp" дар кишвар экстремистӣ эълон шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Твери Маскав дархости экстремистӣ эълон кардани ширкати "Meta Platforms"-ро баррасӣ мекунад, хабар дод РИА "Новости".
Дархости экстремистӣ эълон кардани молики "Facebook", "Instagram" ва "WhatsApp"-ро Додситонии кулли Русия ба додгоҳ пешниҳод кард.
Даъво аз ҷониби додрас Олга Солопова баррасӣ мегардад. Дар мурофиа намояндагони додситонӣ, Хадамоти федералии амният - ФСБ ва "Роскомнадзор" иштирок мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки "Meta Platforms" дар пасманзари ҳаводиси Украина манъи даъват ба хушунат алайҳи низомиёни Русияро бекор кард, аммо на алайҳи шаҳрвандони мулкиро.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ишғоли нуқтаи фармондеҳӣ дар назди Киев: афсарони баландрутба таслим шудаанд
Дар пайи ин Додситонии кулли Русия масъалаи экстремистӣ эътироф кардани "Meta"-ро ба миён гузошт ва Кумитаи тафтишотӣ барои даъвати оммавӣ ба экстремизм ва мусоидат ба терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ноиби президенти "Meta" Ник Клегг тавзеҳ дод, ки сиёсати ҷадид танҳо дар Украина татбиқ мешавад ва афзуд, ки дар корхонаашон русбезориро таҳаммул намекунанд.
Дар баробари ин "Роскомнадзор" бо талаби Додситонии кул "Instagram"-ро ба далели даъватҳо ба хушунат алайҳи русиягиҳо маҳдуд карда буд. Аз ҳафтаи гузашта шабакаи "Instagram" бо суроғаҳои IP аз Русия дастнорас мебошад.
Пеш аз ин "Facebook" ба далели табъизи расонаҳои Русия, аз ҷумла РИА "Новости", "Sputnik" ва RT масдуд шуда буд.