Се ҳазор сол пеш аз дини зардуштӣ ва 4 ҳазор пеш аз Ислом: Раҳмон аз таърихи Наврӯз гуфт

Раиҷумҳури Тоҷикистон дар тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъриху анъанаҳои ин ҷашни бостониро тавзеҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Ҷашни Наврӯз-2022 гуфт, қавмҳои ориёӣ ин идро ҳанӯз дар ҳазорсолаи панҷуми пеш аз милод – дар аҳди сулолаи Пешдодиён бо шукӯҳ ҷашн мегирифтанд.
Раисҷумҳур зимни суханронӣ дар тантанаҳои ҷумҳуриявӣ гуфт, Наврӯз – ин маҷмуаи маънавии неку созанда 3 ҳазор сол пеш аз пайдоиши дини зардуштӣ ва 4,5 ҳазор сол қабл аз зуҳури дини мубини ислом ба вуҷуд омадааст.
"Нуктаи муҳимтарин дар таърихи пайдоиш ва паҳншавии Наврӯз ин аст, ки фалсафа, ҳикмат ва мантиқи он бо ягон дин ё мазҳаб робитае надорад ва ойини сирф мардумӣ, баробар ба ҳама, ҷашни бузургдошти табиат ва киштукор, яъне саршавии сол мебошад", - гуфт Раҳмон.
Ӯ тавзеҳ дод, ки сабаби дар паҳноҳои пурвусъати ҷуғрофӣ паҳн гардидани Наврӯз дар он аст, ки он ба сифати ҷашни табиатан ва моҳиятан оммавию мардумӣ аз андешаи баробарӣ дар байни инсонҳо иборат мебошад.
"Боз як ҳикмати инсондӯстонаи Наврӯз аз байн бардоштани кинаву адоват, бахшидани гуноҳи ҳамдигар, таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ба ҳамин васила поянда нигоҳ доштани суботи ҷомеа мебошад", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Ҷангу пандемияро гузарондем: Раҳмон аз мардум хост, аз буҳрону нархҳо ба таҳлука наафтанд
Президент илова намуд, ки Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқ ҳамчун омилҳои пояндагии тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд.