ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раёсати мудофиаи шаҳрвандии кишвар гуфт, дар Тунис ду қатор ба ҳам бархӯрданд.
Бар асари садамаи қаторҳо дар роҳи оҳан дар ин кишвари Африқои Шимолӣ дастикам 72 нафар маҷруҳ шуд.
"72 мусофир пас аз бархӯрди ду қатор дар наздикии истгоҳи Ҷабал Ҷелуд дар бемористон бистарӣ шуданд", - хабар додааст радиои "Mosaique".
Маълум аст, ки аксари мусофирон ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Дар бораи ҳалокшудагон то ҳол маълумоте расонаӣ нашудааст.
Феълан сабаби асосии сар задани ин ҳодиса маълум нест ва ниҳодҳои зирабт ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 21 март ҳамчунин дар ҷануби Чин ҳавопаймои мусофирбар суқут кард. Дар дохили ҳавопаймо 133 сарнишин қарор дошт.