ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Ин дар ҳолест, ки як ҳафта қабл баландтарин ҳаққи мусофирбарӣ 100 ва 150 сомонӣ буд.
Рустам Солеҳов, як мусофири масири Хуҷанд – Панҷакент мегӯяд, тайи рӯзҳои охир роҳкирои якбора 20 сомонӣ боло рафта, ба 120 сомонӣ баробар шудааст.
“Қаблан роҳкиро барои мусофирбарҳои 8-нафара 80-100 сомонӣ ва мошинҳои ҷипе, ки ба ҳисоби ронанда 5 мусофир мегиранд, 130 сомонӣ буд, ҳоло 120-150 сомонӣ шудааст” – гуфт, мусофир.
Дигар мусофирони масири ағба ҳам дар бораи афзоиши роҳкиро таъкид меварзанд.
Бино ба гуфтаи мусофирон, роҳкирои самти Душанбе - Хуҷанд ҳам то ба 150-200 сомонӣ расидааст.
Дар ҳамин ҳол ронандаҳои таксиҳо болоравии арзиши роҳкироро таъйид намуда, сабаби онро ба гароншавии нархи маводи сӯхт пайванд доданд.
Фирӯз Саидов, як ронанаи таксии масири Панҷакент – Хуҷанд – Панҷакент мегӯяд, болоравии нархи сӯзишворӣ пеш аз ҳама ба кори онҳо таъсир мерасонад.
“То Панҷакент 40 литр газ ва ё 30 литр бензин харҷ мешавад, ки 300-360 сомонӣ ва ба ҳисоби пардохти пули тарозуи роҳ 420 сомонӣ мешавад. Як моҳ пеш қимати 30 литр сӯзишворӣ ҳамагӣ 250-300 сомонӣ буд”, - гуфт ин ронанда.
Ахиран, моҳи январи имсол қимати роҳкирои масири Душанбе - Хуҷанд - Душанбе баланд шуда буд ва сабаби онро ронандагон ба баландшавии ҳаққи истифода аз роҳ рабт медоданд.
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS, ки масъулияти нигоҳдорию пулчинӣ дар ягона роҳи мошингарди пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо пойтахтро, ки 11 сол ба ин сӯ дар ихтиёр дорад, аз 1 январи соли ҷорӣ қимати тарофаҳояшро дар шаш нуқтаи пулчинӣ аз 2 то 24 сомонӣ боло бурд.
Ронандагони таксиҳо мегӯянд, соли ҷорӣ ҳаққи плазаҳои роҳ то расидан ба шаҳри Душанбе 24 сомонӣ гарон шуда, ҳоло ба ҷойи 65 сомонии пешбинишуда дар соли 2021 барои категорияи якуми мошинҳо, 89 сомонӣ пардохт мекунанд.
Ронандаҳо сабаби бороравии роҳкироро ба афзоиши нархи маводи сӯхт пайванд медиҳанд.
Дар ҳоли ҳозир қимати газ 7, 3 сомонӣ, бензини АИ 92 – 12,3 ва АИ 95 – 12,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 12, 7 сомонӣ расидааст.