Паҳлавони тоҷик Қаҳрамони кураши Осиё шуд

Дар Қаҳрамонии кураши Осиё, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, варзишгарони 24 давлати Осиё иштирок мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Қаҳрамонии кураши Осиё ҷараён дорад ва варзишгарони тоҷик аллакай натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.
Ба гузориши Кумитаи миллии олимпӣ, паҳлавони тоҷик Додохон Қурбоналиев дар ин мусобиқа соҳиби медали тило гардид.
Манбаъ меафзояд, номбурда дар вазни бештар аз 100 кг ба финал баромада, бар намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шорух Усмонов дастболо шуд.
Зикр гардид, ки варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали ин мусобиқа низ соҳиби як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ гардидаанд.

"Ҳақназар Назаров дар вазни беш аз 90кг дар финал аз Масъуд Бароталии эронӣ шикаст хӯрда, ҷои дуюмро сазовор шуд. Умар Расулов дар вазни зиёда аз 81кг ва Мавлуда Асламова дар вазни 87кг ҷойҳи сеюмро мушарраф гардиданд", - омадааст дар хабари кумита.

Ёдовар мешавем, ки дар Қаҳрамонии кураши Осиё варзишгарон аз 24 давлати Осиё иштирок доранд.
Рӯзи 20 март қуваозмоии варзишгарони вазни аз 48 то 87 миёни бонувон ва аз 60 то 100 кг миёни мардон сурат мегирад.