ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи рӯзи 20 март бо сафари корӣ ба вилояти Халтон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва сокинони касбу кори гуногун истиқбол гирифтанд.
Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят як зумра иншооти гуногуни муҳимро ифтитоҳ намуда, ба раванди корҳои бузурги созандагӣ, киштукорӣ баҳорӣ оғоз мебахшад.
Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷумҳуриявии Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок карда, бо сокинон ва фаъолон мулоқот доир менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки макони баргузории ин ид шаҳраки наве дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳад шуд. Ҳанӯз панҷ сол қабл бо саҳми соҳибкорон дар ин ноҳия бунёди шаҳраки нав ва варзишгоҳи бузург оғоз шуда буд.
Гуфта мешавад, барои бунёди ин шаҳрак 200 миллион сомонӣ масраф гардидааст ва ҳамакнун маросими ифтитоҳи шаҳраки нав дар рӯзи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ сурат мегирад. Варзишгоҳе, ки дар ноҳияи мазкур сохта шуд, имкони ҷо додани 15 ҳазор тамошобинро дорад.