Тасдиқи 2 иди нав ва лағви 1 иди қаблӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти марбути 2 иди нав ва хориҷ шудани 1 рӯз аз феҳрасти ҷашнҳо дар қонунгузории Тоҷикистон тасвиб шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Палатаи болоии парлумон ва президенти Тоҷикистон ҳафтаи равон як қатор қонунҳоро тасдиқ карданд, ки тағйирот ба қонун дар мавриди рӯзҳои ид низ аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Дилшод Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният зимни шарҳи тағйирот гуфт, ду иди нав дар кишвар роҳандозӣ мешаванд. Ташаббускори ин иқдом Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои Раҳмон, тибқи тағйироти қабулгардида, минбаъд 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия таҷлил мешавад. Иди дуюм 26 июл ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муайян карда шудаст.
Ҷойҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе
Якшанбеи дуюми моҳи октябр, ки дар феҳрасти идҳои касбӣ буду то ҳол ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти адлия таҷлил мегардид, бекор карда шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир дар Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба Қонуни рӯзҳои ид намояндагони тақрибан ҳамаи бахшҳо соҳиби иди касбии худ шуда, бархе аз ҷашнҳои аҷдодӣ низ, аз қабили Меҳргону Сада эҳё гардидаанд.
Дар баробари идҳо, ки бидуни истироҳат таҷлил мегарданд, тоҷикистониён дар рӯзҳои таҷлил аз Соли Нави мелодӣ, Наврӯз, Иди модарон, Рӯзи ғалаба, Ваҳдати миллӣ, Истиқлол, Рӯзи Конститутсия ва идҳои Рамазону Қурбон истироҳат доранд.