Пул надиҳӣ, заминатро ба дигар кас медиҳам: боздошти раис ҳангоми порагирӣ

Мақомот раҳбари идораи замин дар ноҳияи Қубодиёнро ҳангоми порагирӣ боздошт карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Раиси идораи замини ноҳияи Қубодиён Н. Т. бо иттиҳоми порагирӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дастгир шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ӯ дар талаби 12 ҳазор сомонӣ ришва аз як корафтода муттаҳам мешавад.
Гуфта мешавад, ӯ ба хотири ҳуҷҷатгузорӣ кардани замини наздиҳавлигии як сокини ноҳияи мазкур аз ӯ се ҳазор сомонӣ гирифта, боз ҷабрдидаро таҳдид кардааст, ки дар сурати боқии маблағи гуфтаашро наовардан заминашро ба дигар нафар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, ҷабрдида пас аз ин таҳдид 12 ҳазор сомонӣ оварда ба ӯ додааст, аммо ин бор раиси идораи замин ҳангоми гирифтани пора дар ҷойи ҳодиса дастгир шудааст.
Президент: Муовини раис ва 25 мансабдори Ёвон гурӯҳи ҷиноӣ созмон доданд
Айни ҳол нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёдшавии ҷиноёти марбут ба харидуфурӯши замин дар вилояти Хатлон нигаронӣ карда буд.
Ёдовар мешавем, ахиран раисҷумҳури кишвар зимни сафараш ба Хатлон ҳолатҳои харидуфурӯши замин дар соли 2021 дар ин вилоятро ташвишовар хонда буд.
"Дар ин давра ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба харидуфурӯши замин 429 ҳолатро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда хеле нигаронкунанда аст",- гуфт раисҷумҳур дар суҳбат бо раҳбарони ин вилоят.
Гуфта мешавад, дар як соли қаблӣ аз ҷониби Агентии мубориза бо фасод дар самти харидуфурӯши замин нисбати 86 нафар 193 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон (52 ҳолат), Кӯшониён (41), Кӯлоб (19), Восеъ (18), Вахш (15), Ҷайҳун (11) ва Қубодиён (8) содир шудаанд.