ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Александр Лукашенко, президенти Белорус гуфт, Русия ба Украина пешниҳод мекунад, кишваре чун ҶБ шавад.
Ӯ таъкид намудааст, ки Украина набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошаду ба Русия таҳдид намояд.
"Русия ба Украина чизҳоеро пешниҳод мекунад, ки дар Беларус ҷой доранд. Яъне Украина бояд кишваре чун Беларус бо баъзе нозукиҳои дигар шавад", - гуфт Лукашенко дар суҳбат бо шабакаи телевизиони ҷопонии TBS.
Вай афзуд, ки бар асоси пешниҳодҳо, Украина набояд пойгоҳе барои ҳамла ба Русия шавад, силоҳи ҳастаӣ надошта бошад ва таҳдид накунад.
"Украина набояд ба афроде, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, суҳбат бо ҳар забонеро, ки мехоҳанд, мамнуъ намояд, он ҷо русҳо кам нестанд", - изҳор кардааст президенти Беларус.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ ахиран изҳор дошт, ки талаботи Маскав барои кафолати амният дар ҳоли баррасӣ бо Украина мебошад.
Вай таъкид намудааст, ки дар Украина набояд он навъ силоҳе бошад, ки Русияро таҳдид кунад. Маскав омодааст, он навъи силоҳҳоеро мувофиқа кунад, ки барои Русия хатар надоранд.
Ин ва дигар масоил дар музокироти Киеву Маскав дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.
Гуфтушунидҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина ҷараён дорад.