Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ка-52 такягоҳи нерӯҳои украиниро тахриб кард - навор

Зарбаҳои ҳавоӣ аз ҷониби ҷуфти чархболҳо аз фосилаи хеле кам аз замин зада шудаанд
Sputnik
Вазорати мудофиаи Русия навори зарбаи чархболҳои маъруф ба "Аллигатор"-ро ба иншооти мустаҳкамкардаи нерӯҳои украинӣ нашр намуд.
Дар навор парвоз ва амалиёти чархболҳои Ка-52 инъикос ёфтааст.
"Халабонҳо бо зарбаҳои мушакӣ такягоҳи нерӯҳои миллатгароҳои украиниро тахриб карданд. Зарбаҳои ҳавоӣ аз фосилаи кам ва хеле кам аз замин расонда шуданд", - таъкид кардаст Вазорати мудофиа.
Теъкид шудааст, ки дар натиҷа нерӯҳо ва техники зиреҳпӯш нобуд карда шудаст. Чархболҳои Ка-52, ки бо номи "Аллигатор" маъруфанд, амалиётро ҷуфтӣ анҷом додаанд.
Ин намуди чархболҳои зарбазану истихборотӣ барои амалиёт дар баландиҳои камтар аз замин пешбинӣ шуда, барои нобудсозии техникаи зиреҳпӯш ва ҳайати ҳариф истифода мешаванд.
Аз нерӯҳои ҳавоии низомии Русия дар Украина барои ҳимояи қатори мошинҳои низомӣ, тахриби мошинҳои зиреҳӣ, интиқоли десант ва бори низомӣ истифода мешавад.