Дар Тоҷикистон ҳавошиносон якбора бад шудани ҳаворо пешгӯӣ кардаанд

Дар саросари кишвар боришоти шадид, жола ва ҳамчунин фаромадани селу тарма дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон сардии шадид дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.
Обуҳавошиносони Тоҷикистон дар ду рӯзи наздик — 18 ва 19 март паст шудани ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ мекунанд.
Дар баъзе навоҳии кишвар ҳаво то 10—15 дараҷа паст мешавад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои наздик ҳавои ноустувор дар кишвар идома хоҳад дошт.
Дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳ борон ва дар баъзе ҷойҳо барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ раъду барқ ба амал меояд ​​ва жола меборад.
18 март дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ, инчунин дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва водии вилояти Хатлон хатари омадани сел боқӣ мемонад.
Марти мисли баҳори ҳудуди 40 сол пеш: сокинони Тоҷикистонро баҳори серун интизор аст
Дар роҳҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Ҷелондӣ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Инчунин дар ин рӯзҳо дар дарёҳои Яхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, якбора баланд шудани сатҳи об дар назар аст.
Дар робита ба ин наҷотдиҳандагон аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар кӯҳҳо, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
Ба ронандагон пеш аз гузаштан аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ маслиҳат дода мешавад, ки аз вазъияти роҳҳо бохабар шуда, мошинҳоро бодиққат барои ҳаракат омода кунанд.