Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Қодиров Байденро "худкомаи золим ва аз ақл бегона" хонд

Роҳбари Чеченистон изҳори бовар намуд, ки инро аллакай тамоми олами мутамаддин медонад, аммо ҷуръати баёнашро надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. "Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА дар пиронсолияш боқимондаи ақлашро гум кардааст".
Ин нуктаро Рамазон Қодиров, дар саҳифааш дар "Telegram" навиштааст.

"Ҷо Байден дар пиронсолияш комилан боқимондаи ақлро аз даст дод. Ҳоло дар талоши иҷрои нақши ковбойи наҷиб тасмим гирифт, ба президенти Русия, Владимир Путин баҳо диҳаду ӯро "ҷинояткори ҷангӣ" номад", - навиштаст Қодиров.

Вай изҳори бовар намудааст, ки дар амалҳояш Байден сирфан ба манофеи иқтисодии ИМА такя мекунад.
"Бо баҳонаҳои сохта кишварҳоро тахриб карда, ӯ чун пешинаҳояш аз бесарусомонӣ роҳат мекунад ва ҳич сериро аз хуни кӯдакону занону пиронсоли кушташуда зери гулӯлаҳои амрикоиро намедонад", - навиштаст роҳбари Чеченистон.
Ӯ илова намудааст, ки дар ҳамин ҳол Байден худро жандарми ҷаҳонӣ пиндошта, ба президенти Русия баҳо доданӣ шудааст.
Рамазон Қодиров зикр намудааст, ки соли 1999 бо ташаббуси Байден Белград бомбборон шуду баъдан замони кораш ба ҳайси сенатор барои ҳамла ба Ироқ исрор намуд.
Таъкид шудааст, силоҳи амрикоие, ки нерӯҳои Украина бо фармони Байден мегиранд, шаҳрҳои Украинаро ба харобазор табдил медиҳад. Қодиров Байденро худкомаи золим хондааст, ки ҷомеи мутамаддин инро медонад, аммо на ҳама ҷуръати баёни онро доранд.
Ахиран Ҷо Байден изҳор дошт, ки Владимир Путинро "ҷинояткори низомӣ" медонад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин гуфт, Киев бо пешниҳодҳои ғайривоқеияш музокиротро ба дарозо мекашад
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.