ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Фурудгоҳи Мариупол комилан таҳти назорати нерӯҳои Ҷумҳурии Мардумии Донетск гузашт, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Қаблан ин фурудгоҳ ҳамчун маҳбас ва ҷойи шиканҷаи миллатгароёну Хадамоти амнияти Украина маъруф буд.
Дар қисми марказии шаҳр ҷанг давом дорад, садои тир, таркиш ва тӯпҳо ба гӯш мерасад. Роҳҳои асосие, ки ба самти марказ мебароянд, сунъӣ баста шудаанд.
Замони эълони ҶМД дар соли 2014 шаҳри Мариупол, ки ҳудуди 450 ҳазор аҳолӣ дорад, пас аз Донетск дувумин шаҳри бузурги ин ҷумҳурӣ буд. Аммо дар моҳи июни ҳамон сол нерӯҳои амниятии Украина онро ишғол карданд ва тамоми минтақаи шарқии он ба яке аз маконҳои гарми даргириҳо дар Украина табдил ёфт.
Ҳоло дар Мариупол як гурӯҳи бузурги нерӯҳои украинӣ, аз ҷумла полки миллатгароёни “Азов” боқӣ мондааст, ки нисбати аъзои ин гурӯҳ мақомоти Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои Ҷумҳурии Мардумии Донетск ҳамроҳ бо артиши Русия ба тадриҷ ҳалқаи муҳосираашонро танг мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.