ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ширкати "Eagle" FC, ки роҳбарияшро Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони собиқи UFC ба зимма дорад, эълон кард, ки рақобати размикори тоҷик Фаридун Одилов ва Даврон Ермекови қазоқ ба вақти дигар гузошта мешавад.
"Маҷбурем, ба шумо хабар диҳем, шоми "Eagle" FC 47, ки мебоист дар санаи якуми апрел дар вилояти Пенза доир мешуд, ба вақти дигар, дертар гузошта шуд", - гуфтааст дафтари матбуотии ташкилот.
Гуфта мешавад, ки рақобатҳои банақшагирифташуда дар дар назар аст, ки охирҳои баҳор ва ё аввали тобистон доир гарданд.
Дар бораи замон ва макони дақиқи гузаронидани мусобиқот ташкилот афзуд, ки баъдан иттилоъ хоҳад дод.
Ин бор барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ бо Одилов, ки дорандаи камарбанд аст, варзишкори қазоқ Даврон Ермеков рақобат мекунад.
Охирин набарди Одилов моҳи декабри соли 2021 доир гардид, ки размикори 29-солаи тоҷик Эноко Торреси испаниро шикаст дод. Мубориза 3 дақиқаю 37 сония давом карда, дар даври якум ба охир расид.
Дар ин мусобиқа Одилов бо лақаби Терминатор унвони қаҳрамони худро ҳифз кард.
Фаридун феълан 12 ғалаба дорад. Ӯ дар давоми фаъолияти варзишӣ танҳо аз ду рақиб шикаст хӯрдааст.
Ҳарифи навбатии ӯ Ермеков бошад, 15 бурд ва 5 бохт дорад.
Ӯ аз размикорони шинохтаи қазоқ буда, қаблан бо Минеев, Гусейнов, Калинин ва Хирамогомедов рақобат кардааст.