Модели тоҷиктабори Ӯзбекистон беҳтарин миёни намояндагони 96 кишвар шуд

Модел Нигина Фахриддинова дар доираи озмуни зебоии "Мисс Интернешнл" беҳтарин миёни намояндагони 96 кишвар дониста шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Зебосанами саршиноси тоҷиктабор аз Ӯзекистон Нигина Фахриддинова ҷоизаи озмуни аксҳо зери унвони "Takasi Daruma Photo Contest 2021"-ро соҳиб шудаст. Ӯ нахустин намоянда аз Ӯзбекистон дар таърихи 60-солаи озмун мебошад, ки соҳиби ин ҷоиза шуд.
Фахриддинова бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ташкилкунандагони ин иқдоми батаъхиргузошташуда барои довталабон мусобиқаҳои гунгун пешниҳод намуданд.
Узбекско-таджикская модель Нигина Фахриддинова
Аз ҷумла ба зебосанамҳо дарумҳои ҷопонӣ - лухтакҳои махсус равона шуда буданд ва довталабон бояд аксҳои ҷолибе дар пасманзари ин ёдгории фарҳангӣ мегирифтанд.

"Мо намедонистем, ки ин озмуни аксҳо хоҳад буд ва ҳатто фикр ҳам намекардам, ки пирӯз мешавам. То ҳол дар ҳаяҷонам, ки миёни намояндагони 96 кишвар ҷойи аввал гирифтам", - изҳор дошт Нигина.

Фахриддинова ҷоизаро аз шаҳрдори Такасакӣ гирифтааст.
"Ҷоиза аллакай дар дастам аст, аммо аз ҳама муҳимаш он имкон медиҳад, ки вориди 20-гонаи беҳтарин моделҳо дар озмуни ояндаи "Мисс Интернешнл" шавам", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки 60-умин озмуни байналмилалии зебоӣ - "Мисс Интернешнл", ки ба далели пандемия як сол ба таъхир гузошта шуд, тирамоҳи соли 2022 дар шаҳри Иокогама баргузор мешавад.