ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Ин ҳамоиш таҳти унвони “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат” санаи 2 апрели соли равон дар шаҳри Истаравшан баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд.
Манбаъ хабар додааст, ки дар ин форум беш аз 150 нафар аз намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок хоҳанд кард.
Гуфта шудааст, ки ҳадафи форуми минтақаӣ вусъати ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни кишвар, рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муаррифии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ мебошад.
Форуми минтақаии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат” дар шаҳри Истаравшан дар ҳоле баргузор мегардад, ки бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 дар кишвар Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд.