ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Генерал Ҳабибулло Воҳидзода, мудири Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон бо хонум Ғода Фатҳа Волӣ, ноиби дабири кул, мудири иҷроияи Раёсати мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Ожонси мубориза бо маводи мухаддир, генерал Воҳидзода аз хатарҳое гуфтааст, ки аз Афғонистон бармеоянд.
Дар ин феҳраст қочоқи рӯзафзуни маводи нашъаовар, силоҳ, кирдори террористию экстремистӣ, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ зикр шудаанд.
Воҳидзода аз Раёсати мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ даъват кардааст, ки барои таҳкими сарҳади Тоҷикистон тавассути расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ мусоидат кунад.
Ғода Фатҳа Волӣ дар посух изҳор доштаст, ки аз ҷониби давлатҳои Ҷопон ва Итолиё барои давлатҳои Осиёи Марказӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки бояд барои таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ сарф шаванд. Ӯ афзуд, ки аз ин маболиғ маблағе барои Тоҷикистон низ ҷудо хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Воҳидзода барои иштирок дар ҷаласаи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки то 18 март идома меёбад, дар шаҳри Вена қарор дорад. Ӯ то ҳол бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА, Арабистони Саудӣ, Покистон, Қатар густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намудааст.