ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ин нуктаро Филиппо Гранди, Комиссари Олии СММ дар умури гурезаҳо дар дидор бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон баён кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати корҳои дохила.
Тибқи иттилои манбаъ, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ дар умури гурезаҳо вобаста ба ҳалли мушкилоти гурезаҳо аз Афғонистон, роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кумак ба онҳоро матраҳ кард.
Инчунин ба иттилои манбаъ, вазири корҳои дохилӣ дар ҷараёни мулоқот зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Филиппо Гранди иброз дошт, ки ин аввалин сафари ӯ ба ҳайси Комиссари Олии СММ дар умури ба гурезаҳо ба Тоҷикистон аст. Вай қаблан ба Тоҷикистон соли 2000 ташриф оварда буд.
Комиссари Олии СММ дар умури ба гурезаҳо дар идомаи суҳбат иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти қабулу ҷобаҷокунии гурезаҳо баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда изҳор намуд.
Ҳамзамон Филиппо Гранди аз иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои бешаҳрвандӣ изҳори хушнудӣ кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрванд ибрози боварӣ намуданд.