"Рейд"-и кормандони милиса дар роҳҳои Хатлон: Раҳимзода супориш дод

Дар роҳҳои вилояти Хатлон, тибқи супориши Вазири умури дохилаи Тоҷикистон, "рейд"-ҳо идома доранд. Кормандони милиса аллакай нисбати баъзе аз қонуншиканҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро супориш додааст, ки дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон "рейд" ба роҳ монда шавад.
Дар ин бора дафтари матбуотии ин ниҳод хабар дода афзудааст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони шуъбаи БДА-и Раёсати умури дохилии ин вилоят санҷишу тафтишот сурат мегирад.
Гуфта мешавад, мақсад аз баргузории ин иқдом коҳиши ҳолатҳои нохуш дар роҳҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мебошад.
Кормандони БДА бо ин роҳ мехоҳанд, аз ҳолатҳое чун дар ҳолати сархушӣ идора кардани мошин, надоштани шаҳодатномаи ронандагӣ, бе иҷоза сиёҳ кардани шишаҳои мошин, бе рақами давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт ва муҳимтар аз ҳама итоат накардан ба кормандони пулиси роҳрро коҳиш диҳанд.
Илова бар ин кормандони ин ниҳод, аз савдои сарироҳӣ ва нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон низ ҷилавгирӣ мекунанд.
Ду садамаи маргбори як рӯз дар Хатлон, ки ҷони се нафарро гирифт
Манбаъ меафзояд, дар рафти ин чорабинӣ аллакай чандин ҳолатҳои нақз шудани қавонини ҳаракат дар роҳ сабт гардидааст ва алайҳи қонуншиканҳо аз ҷониби кормандони БДА, тибқи талаботи моддаи 320, қисми 1 ва моддаи 310, қисми 3, Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол гардидаанд.
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ: ронанда бо ду мусофираш ҷон бохт
Бо вуҷуди доир кардани рейду санҷишҳо аз ҷониби кормандони БДА дар роҳҳои ҷумҳурӣ қариб ҳамарӯза бинобар суръати баланди ҳаракати мошинҳо садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳанд, ки дар пай талафоти ҷонӣ ба бор меоранд.
Аз ҷумла рӯзи 16 март дар роҳи Душанбе - Чаноқ ронандае таъмини бехатарӣ дар роҳро фароҳам накарда, ки ба мошини дигар бархӯрдааст ва дар натиҷаи ин садама се нафар ҷон додаанд.