ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия вазъи Украинаро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии роҳбари Туркия.
"Дар ҷараёни мулоқот таҳаввулоти ахири вобаста ба ҷанги Русияву Украина ва вазъи башарӣ дар минтақа баррасӣ шуд. Президент Эрдуғон гуфт, Туркия аз аввал бархӯрди самимие барои таъмини сулҳи миёни Русия ва Украина нишон додааст. Эрдуғон изҳор дошт, ки агар оташбаси доимӣ эълон шавад, роҳ ба созиши дарозмуддат боз мешавад. Раисҷумҳури Туркия интизороти самимии худро аз натиҷаҳои мусбии музокироти Русия ва Украина изҳор дошт”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Туркия.
Илова бар ин Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин бори дигар омодагии худро барои ба ҳузур пазируфтани раҳбарони Русия ва Украина дар Анкара ё Истанбул баён кард.
“Бо ишора ба он ки барои расидан ба як роҳҳалли музокирот дар сатҳи раҳбарон лозим аст, президент Эрдуғон пешниҳоди худро дар бораи мизбонии Путин ва Владимир Зеленский дар Истанбул ё Анкара такрор кард”, - илова кардааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Туркия.
Қаблан мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский, узви ҳайати Украина дар музокирот бо Русия Михаил Подоляк аз омода кардани аснод барои музокироти мустақими эҳтимолии Зеленский ва Путин хабар дода буд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ба РИА “Новости” гуфт, Путин метавонад ва бояд бо Зеленский барои ислоҳи тавофуқҳову тафоҳумҳои ҳосилшуда мулоқот кунад.