Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лукашенко: Русия дар низоъ бо Украина мағлуб нахоҳад шуд

Роҳбари Беларус мутмаин аст, ки Русия дар вазъияти кунунии рӯёрӯӣ бо Украина муваффақ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Русия дар низоъ бо Украина мағлуб нахоҳад шуд. Дар ин бора раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар мусоҳиба бо телевизиони Ҷопон TBS гуфт.
Сабти видеоии мусоҳибаи дар канали телеграмии "Пул первого" нашр шудааст.
Раҳбари Беларус таъкид кард, Русия дар амалиёти вижаи феълӣ дар Украина мағлуб нахоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки "агар яке аз тарафҳо пирӯз шавад, ҷанг чӣ гуна хотима меёбад, Ҷопон инро беҳтар аз ман медонад".
Илова бар ин раисҷумҳури Беларус гуфт, Ғарб наметавонад Минскро ба низоъ дар Украина кашад.

"Мо ба қадри кофӣ оқил ҳастем, ба он ҷое, ки амрикоиҳо ва шарикони онҳо имрӯз моро тела медиҳанд, наафтем", - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "безараргардонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко гуфт, Минск иҷоза намедиҳад, ки "ханҷар ба пушт"-и нерӯҳои Русия бизананд
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гуруҳҳои ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Баъдан мулоқоти ҳайатҳо дар шакли видеоконфронс сурат гирифт. Ба гуфтаи намояндагони Русия дар ин музокирот, мавзеъгирии ҷонибҳо муайян шудааст, аммо худи ин раванд заиф аст.