Чин роҳи таъмини амнияти Русия ва Аврупоро нишон дод

Як мақомдори Чин гуфтааст, Аврупо то замоне ки бо Русия барои муқобила бо НАТО муттаҳид нашавад, беимдод хоҳад монд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тамоми Аврупо аз сабаби механизми амниятӣ, ки аз ҷониби ИМА таъсис дода шудааст, худро бе дифоъ эҳсос мекунад, гуфт Ван Ивэй, мудири Пажуҳишгоҳи байналмилалии Донишгоҳи халқии Чин дар мусоҳиба бо "Global Times".

"Аврупоиҳо дарк карданд, ки амнияти худро назорат намекунанд. Мавқеи ИМА дар мавриди тавсеаи НАТО ба самти Шарқ Русияро зери хатар мегузорад. Ба ибораи дигар таъмини амнияти мутлақи Ғарб Русияро аз ҳимоя маҳрум мекунад", - шарҳ дод ӯ.

Вай гуфт, дар чунин шароит Маскав маҷбур аст, муқобила нишон диҳад, ки зеро дар Аврупо мушкилиҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ ба амал омада ва ин кор ба нафъи Амрико аст.
Ба гуфтаи ӯ, аврупоиҳо бояд комплекси низомию саноатии Амрикоро аз ҳисоби харидории силоҳ маблағгузорӣ кунанд, дар ҳоле ки ИМА ҳузури низомии худро дар минтақа тақвият медиҳад.
Ҳушдори вазири Чин аз паёмади таҳримҳо алайҳи Русия ва пешниҳодаш барои роҳи ҳал
Ван Ивэй гуфт, "истеҳсолкунандагони аслиҳаи амрикоӣ рӯёнидани пули нақд аз муштариёни аврупоиро то замони ҳалли мушкилоти амнияти Русия идома медиҳанд".
Вай ба хулосае омадааст, раҳоӣ аз НАТО ба Русия ва ИА имкон медиҳад, ки ҷомеаи ояндаи дастаҷамъонаро эҷод кунанд, ки аз сабаби вобастагии мавҷуда барои ҳар дуи онҳо судманд аст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Путин амалиёти вижа барои ҳифзи Донбассро арзёбӣ кард: Киевро огоҳ карда будем
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.