ВКХ Чин: Роҳҳалли буҳрони Украина дар дасти НАТО ва ИМА аст

Вазорати корҳои хориҷии Чин дар бораи ҳалли низоъ дар Украина суҳбат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 март — Sputnik. Густариши НАТО ба Шарқ боиси буҳрони Украина шудааст. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Чжао Литсзян гуфт.
Вай таъкид кард, ки имкони ҳалли низои Украина низ дар ихтиёри Вашингтон ва НАТО аст.

"Тасмими Ҳукумати ИМА дар бораи тавсеаи НАТО ба Шарқ мустақиман ба буҳрони кунунии Украина иртибот дорад",- гуфт дипломат.

Вай қайд кард, дар даҳсолаҳои охир бисёре аз коршиносони умури байналмилалӣ таъкид кардаанд, ки тавсеаи минбаъдаи НАТО алайҳи Русия иштибоҳи маргбор дар сиёсати Амрико хоҳад буд.
Мутаассифона, ҳукумати ИМА ин суханонро ба эътибор нагирифта, НАТО-ро ба Шарқ вусъат дод, таъкид намуд Чжао Литсзян.
Путин амалиёти вижа барои ҳифзи Донбассро арзёбӣ кард: Киевро огоҳ карда будем
"Калиди ҳалли буҳрони Украина дар дасти Иёлоти Муттаҳида ва НАТО аст. Мо умедворем, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО, ки барангезандагони буҳрон ҳастанд, нақши худро дар он ҳамаҷониба таҷдиди назар мекунанд, масъулияти лозимро ба дӯш мегиранд ва барои паст кардани вазъияту ҳалли мушкилӣ иқдом менамоянд",- гуфт вай.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, Амрико ба манзури суръат бахшидан ба коҳиши ташаннуҷи авзоъ дар Украина бо аксари кишварҳои дар ҳоли тавсеъаи ҷаҳон ҳамкорӣ ва ҳамчунин сулҳу адолатро ҳифз хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "безараргардонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Расонаҳои ғарбӣ стандартҳои рӯзноманигориро ба таври бесобиқа поин бурданд
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳҳои ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Баъдан мулоқоти ҳайатҳо дар шакли видеоконфронс сурат гирифт. Ба гуфтаи намояндагони Русия дар ин музокирот, мавзеъгирии ҷонибҳо муайян шудааст, аммо худи ин раванд заиф аст.