ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, садамаи маргбор нисфирӯзи 15 март ба далели таъмин накардани бехатарии ҳаракати роҳ аз сӯи ронанда сар задааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 48-солаи автомашинаи "Мерседес - Спринтер, ки сокини шаҳри Истаравшан мебошад, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонистааст.
Зимнан ӯ ба ақиби автомашинаи боркаши тамғаи "Хова", таҳти идораи ронандаи 42-сола, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер” ва мусофирони ӯ, ки яке 29-сола ва дигаре 14 сол доштааст, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ меафзояд, ҳар се ҳалокшуда сокинони шаҳри Истаравшан буданд.
Дар ҳамин ҳол ВКД тавзеҳ дод, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.