Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин: Амалиёти вижа дар Украина то охир идома меёбад

Раисҷумҳури Русия эълон кард, ки амалиёти вижаи низомӣ дар Украина то охир идома меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Владимир Путин, роҳбари Русия дар ҷаласаи марбут ба чораҳои дастгирии минтақаҳо афзуд, ки амалиёти вижаи низомӣ барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина то охир идома меёбад.
Ба гуфтаи вай, Ғарб Русияро барои роҳи мустақилаш намебахшад ва талош мекунад, фишорҳояшро идома диҳаду тамомияти арзии ин кишварро нақз кунад.
Ҳамчунин оқои Путин гуфт, ки Амрико ва муттаҳидонаш ба ҳадафи худ нахоҳанд расид.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки шакли феълии амалиёт ягона роҳи ҳалли қазия хуоҳад буд.

“Агар нерӯҳои Русия танҳо дар Донбасс амал мекарданд, ин таҳдидро аз байн намебурд, хатти нави ҷабҳа аз он ҷо мегузашт” - гуфт сарвари давлат.

Раисҷумҳури Русия ҳамчунин қайд кард, ки Ғарб бо интиқоли аслиҳа ва зархаридон мақомоти Киевро ба хунрезӣ тела медиҳад. Путин афзуд, Кремл ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина пешниҳод кардааст, ки воҳидҳои худро аз Донбасс хориҷ кунанд.

"Мехоҳам, бори аввал бигӯям: дар ибтидои амалиёти вижа ба хотири пешгирӣ аз хунрезӣ аз мақомоти Киев дархост шуда буд, ки муқовимат накунанд, балки фақат нерӯҳои худро аз Донбасс берун кашанд. Нахостанд. Хуб, ин интихоби онҳост", - гуфт ӯ.

Путин ҳамчунин ба шеваҳои истифода аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина ишора кард.
“Рӯзи 14 март, тавре медонед, дар маркази Донетск як зарбаи мушакӣ сурат гирифт. Ин як ҳамлаи террористӣ, ошкоро хунин буд, ки ҷони беш аз 20 нафарро гирифт. Ва ин гуна мушакандозӣ чанд рӯзи ахир идома дорад. Онҳо бо хашму ғазаб ба майдонҳо шиллик мекунанд. Ин мисли амали нозиҳоест, ки дар рӯзҳои охири ҷанг кӯшиш мекарданд, Рейхи Сеюмро дар ивази қурбонӣ кардани мардуми бегуноҳ ҳифз кунанд", - гуфт раисҷумҳур.
Размоиши "Cold Response 2022" – гоме аз НАТО дар робита ба ташаннуҷи вазъ
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.