Лавров гуфт, нақши доллар бинобар сиёсати Вашингтон коҳиш меёбад

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, эътимод ба доллар поин хоҳад рафт. Ӯ сабабашро ба сиёсати ИМА рабт дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, нақши доллар поин меравад, эътимод ба он ба далели сиёсати Вашингтон коҳиш меёбад.

"Дар матбуоти ғарбӣ аллакай матлабҳое нашр мешаванд, аз ҷумла дар Олмон, дирӯз, ман хондам, бисёриҳо аллакай намедонанд, ки бо доллар савдои васеъ ба роҳ монанд ё на", - тавзеҳ дод Лавров.

Вай ёдовар шуд, бархе аз кишварҳо фикр мекунанд, ки барои онҳо тиҷорат бо юан осонтар аст, аз он ки бо доллар. "Ва ин равандро боздоштан мумкин нест", - афзуд вазир.
Лавров ҳамчунин ишора кард, ки "нақши доллар поин меравад, эътимод ба доллар ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст".
Иқтисоддонҳо аз қурби "одилона"-и доллар дар ҳайрат уфтоданд
Дар Тоҷикистон ҳоло қурби доллар бетағйир боқӣ мондааст. Рӯзи 16 март Бонки миллии Тоҷикистон арзиши пули амрикоиро дар сатҳи 13 сомонӣ нишон дод.
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори нақд дар муассисаҳои молиявии кишвар Бонки миллӣ чунин иттилоъ додаст:
1 доллари ИМА аз 13.0000 то 13.0500 сомонӣ;
1 евро аз 14.3039 то 14.5000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1160 то 0.1210 сомонӣ.