Корея дар Душанбе метро месозад?

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва намояндаи Роҳи оҳани миллии Корея ёддошти тафоҳумеро имзо намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея масъалаи сохтмони метро дар шаҳри Душанберо баррасӣ доранд.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки феълан танҳо Ёддошти тафоҳум миёни вазорат ва ширкати Роҳи оҳани миллии Корея ба тасвиб расидааст.
Гуфта мешавад, ҳуҷҷати дахлдорро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори иҷроияи ширкати Роҳи оҳани миллии Корея Ким Ҳангёнг ба имзо расониданд.
Манбаъ меафзояд, зимни тасвиби ҳуҷҷат, Азим Иброҳим зикр намудааст, ки баимзорасонии тафоҳумномаи мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи ниҳодҳои ду кишвар қавӣ гарданд.
Муҳриддин аз густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Корея гуфт
Зимнан аз Вазорати нақлиёт ба Sputnik Тоҷикистон хабари дар назар будани сохтмони метро дар пойтахро тасдиқ намуданд. Намояндаи ин ниҳод Хандонгул Доробова гуфт, ҳоло ёддошти тафоҳум ба имзо расид ва мутахассисони ҳар ду кишвар ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

"Пас аз омӯзиши масъала муайян мешавад, ки дар Душанбе метрои зеризаминӣ бунёд мешавад ё рӯизаминӣ", - афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, қаблан раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, ки яке аз номзадҳо ба интихоботи президентии соли 2020 буд, дар маъракаи пешазинтихоботӣ ваъда дода буд ки дар пойтахт метро месозад.
Ногуфта намонад, ки дар Тоҷикистон зуд-зуд заминларза ба амал меояд ва сохтмони метро дар чунин шароит, албатта, хатарзост. Дар замони шӯравӣ ин масъала бинобар хавфи зиёди заминҷунбӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифта буд.
Бояд қайд кард, ки дар “Нақшаи генералии шаҳри Душанбе”, ки соли 2010 аз ҷониби меъмор Бугаев дар ГИПРОГОР-и Маскав таҳия шуда буд ва соли 2017 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда буд, дар бораи трамвайи баландсуръат зикр шудааст. Дар он дар бораи зарурияти шахр дар ташкили наклиёти сифатан нави дорой кобилияти мусофиркашии зиёд ёдовар шудааст.
Дар сохтмони трамвайи баландсуръат (метрои сабук)-и типи заминӣ ё баланд (дар сутунхо) пешбинӣ шудааст. Масири пешниҳодшудаи трамвайи баландсуръат бо дарозии 25 км дар шакли ҳалқа ва ҳудуди 80% қисмати аҳолинишини шаҳрро дар бар мегирифт.