ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Шумори ҷойҳои холии корӣ дар сохтмонҳои Маскав тайи як моҳ 2 баробар зиёд шудааст, хабар дод дафтари матбуотии пойгоҳи онлайнии "HeadHunter".
"Дар оғози моҳи март теъдоди эълонҳои ҷойҳои холии корӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав дар маҷмуъ 8,1 ҳазор ададро ташкил дод. Дар ҳоле ки аввали моҳи феврал ин нишондод ба 4,2 ҳазор баробар буд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли пойгоҳ.
Манбаъ таъкид намудааст, ки аз ҳама зиёд теъдоди ҷойҳои корие афзоиш ёфтааст, ки ширкатҳои сохтмонӣ ба риелтор ва агентҳо пешниҳод мекунанд. Шумораи чунин эълонҳо барои қабули кормандон 4 баробар дар як моҳ зиёд шудааст.
Беш аз 47% аз маҷмуи умумии ҷойҳои холии корӣ дар сохтмонанд. Ҳудуди 24%-и эълонҳо барои қабули риелтору агентҳо, қисмати боқимонда барои кадрҳои роҳбарикунанда ва ҳайати корӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол пойгоҳи дигари машғул ба ҷалби кормандон - Superjob эълон кардааст, ки дар ояндаи наздик ба бахши сохтмон метавонанд кормандон аз соҳаҳое гузаранд, ки аз буҳрон зарар дидаанд.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон низ ҳамасола садҳо ҳазор нафар барои таъмини рӯзгори худу хонаводаашон ба Русия меоянд ва қисмати зиёди онҳо дар бахши сохтмон кор мекунанд.