Чор рӯзи барфу борон ва хавфи селу тарма: ҳушдори ҳавошиносон

Ҳавошиносони Тоҷикистон аз селу тарма дар масирҳои асосии ҳаракати нақлиёту одамон дар ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Давоми 4 рӯзи оянда дар навоҳии Тоҷикистон борон, барф ва дар баъзе ҳолатҳо раъдубарқ ва жола дар назар аст, хабар дод Ожонси ҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 16-19 март дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳӣ борон ва навоҳии куҳӣ борону барф меборад. Махсусан аз шиддати борон дар рӯзҳои 18-19 март ҳушдор дода шуд, овардааст “Ховар” аз қавли ҳавошиносон.
Манбаъ афзуд 18 март дар минтақаҳои алоҳидаи вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши пуршиддат ва раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Рӯзи 17 март дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, 18 март ҳарорат то 10-15 дараҷа поин меравад.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Ҳушдор дода шудаст, ки рӯзҳои 16-18 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии НТҶ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва водигии вилояти Хатлон, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Лахш, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Варзоб, Айнӣ-Панҷикент хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад.
“Дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ ва ғарби ВМКБ, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе - Чанок, Душанбе – Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Ҷилондӣ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад”, - омадааст дар иттилоия.
Инчунин илова шудаст, ки дар дарёҳои Ёхсӯ-Қизилсӯ ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, шохобҳои ҳавзаи дарёи Вахш дар ноҳияҳои Тавилдара, Рашт, Нуробод, Роғун, Норак ва Ёвон баландшавии сатҳи об боқӣ мемонад.