ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар баъзе аз роҳҳои байниноҳиявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаракати нақлиёт масдуд шудааст.
Ҳамин тариқ роҳҳои Ванҷ – Рӯшон, Шуғнон – Хоруғ, Рӯшон – Бартанг, Хоруғ – Роштқалъа, Хоруғ – Мурғоб ва Мурғоб – Кулма баста мебошанд ва сокинони имкони рафтуомад дар байни ин навоҳиро надоранд.
Ба маълумоти КҲФ, дар 24 соати ахир дар роҳҳои мошингарди вилояти мазкур тармафароии зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла дар километри 65, 66 ва 71-уми роҳи Хоруғ - Ишкошим сангрезӣ сурат гирифт.
Дар 473 ва 550-километерии роҳи Душанбе - Рӯшон - Хоруғ ва роҳи Кӯлоб - Дарвоз - Ванҷ сел омадааст.
Манбаъ меафзояд, бар асари офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва феълан корҳои бартарафсозӣ идома доранд.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки давоми 4 рӯзи оянда дар навоҳии Тоҷикистон борону барф мебораду дар баъзе ҳолатҳо раъду барқ ва жола дар назар аст.
Рӯзҳои 16-19 март дар водиҳо, доманакӯҳҳо борон ва навоҳии кӯҳӣ борону барф меборад. Махсусан дар робита ба борони шадид дар рӯзҳои 18-19 март ҳушдор дода шудааст.