Туркия омода аст, ки музокироти руасои ҷумҳури Русия ва Украинаро ташкил кунад.
Дар ин бора Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ дар пайи музокирот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Маскав изҳор дошт.
"Мо қаблан гуфта будем, ки омодаем мизбони музокироти раҳбарони Русия ва Украина бошем", - гуфт Човушоғлу.
Вазири хориҷаи Туркия изҳори умедворӣ кард, ки музокироти Русия ва Украина ба натиҷаи мусбат бирасад. Ба гуфтаи ӯ, Анкара бо вуҷуди печида будани масъала ба дипломатия бовар дорад.
"Ҳамчун як давлате, ки бо ҳарду ҷониб иртибот дорад, мо тамоми кори аз дастамон меомадаро анҷом медиҳем, то дар ин раванд саҳм гузорем", - гуфт дипломат.
Вазир ёдовар шуд, ки қаблан ҷониби Туркия мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украинаро ташкил карда буд.
Човушоғлу гуфт: "Бо ҳар мулоқоти баъдӣ мавқеъи тарафҳо рӯшантар мешавад ва заминаи муносиб фароҳам мешавад".
Ба гуфтаи Човушоғлу, дар мулоқоташ бо Лавров вазъи башарӣ ва оташбас дар Украинаро баррасӣ карданд .
"Барои рафъи ин мушкили башардӯстона мо бояд фавран оташбасро таъмин кунем. Интиқоли кумакҳои башардӯстонаро (ба Украина) таъмин кардан лозим аст. Мо имрӯз ҳамаи инро дар фазои хеле самимӣ ва махфӣ баррасӣ кардем ва тасмимҳои муайян гирифтем", - гуфт Вазири хориҷаи Туркия.
Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ки бо Мавлуд Човушоғлу, вазири хориҷаи Туркия масъалаи ташкили дидори руасои ҷумҳури Русия ва Украинаро баррасӣ накардааст.
"Мо имрӯз мушаххасан ин мавзӯъро баррасӣ накардаем, зеро президент Путин ва дигар намояндагони мо дар шарҳҳои худ борҳо ба ин мавзӯъ изҳори назар карда буданд", - гуфт Лавров.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.