Вазорати дифои Русия видеоеро нашр кард, ки дар он чархболи Ка-52 ба нерӯҳо ва техникаи Украина зарба мезанад.
Дар сабти видеоӣ тирпаронӣ аз тӯпи қутраш 30-миллиметрӣ инъикос ёфтааст, ки бар асари он боркаши низомӣ ва гаубитсаи "Гвоздика" нобуд карда мешаванд.
Вазорати дифоъ таъкид намудааст, ки дар пайи зарбаҳои чархбол дар баробари ҳайати шахсӣ, инчунин макони маҷмаъҳои артиллерии 122-миллиметрӣ ҳадаф қарор гирифтанд. Чархболҳои маъруф ба "Аллигатор" дар Украина ба таври ҷуфт кор мекунанд.
Ин намуди чархболҳои зарбазану истихборотӣ барои амалиёт дар баландиҳои камтар аз замин пешбинӣ шуда, барои нобудсозии техникаи зиреҳпӯш ва ҳайати ҳариф истифода мешаванд.
Аз нерӯҳои ҳавоии низомии Русия дар Украина барои ҳимояи қатори мошинҳои низомӣ, тахриби мошинҳои зиреҳӣ, интиқоли десант ва бори низомӣ истифода мешавад.