ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия фарогиранд ва онҳо дар ҳама ҷо дар ҳаёти ҳаррӯза эҳсос мешаванд, гуфт садри аъзами Олмон Олаф Шолтс.
"Муҳим аст, ки Иттиҳодияи Аврупо, Олмон, Иёлоти Муттаҳида ва дигар дӯстон тасмим гирифтанд, таҳримҳои хеле сахт ва ҳадафмандро пиёда кунанд. Онҳо ба он мусоидат мекунанд, ки вазъ бештар аз он ки Русия интизор буд, хароб шавад",- гуфт Шолтс дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Ба гуфтаи ӯ, оқибатҳои иқтисодии ин таҳримҳо хеле фарогиранд, онҳо дар ҳама ҷо дар ҳаёти ҳаррӯза эҳсос мешаванд, имкониятҳои рушди иқтисодии Русия дар рӯ ба рӯи хатар қарор доранд.
Мо ҳама корро мекунем, ки пеш аз ҳама сулҳ ҳосил шавад ва пас аз ҷанг созишномае ба даст ояд, ки Украина аз нуқтаи назари худ, бо назардошти ҳадафҳои ояндааш имзо кунад, таъкид кардааст Шолтс.
Маврид ба зикр аст, қаблан коршиносони аврупоӣ гуфта буданд, ки таҳримҳо алайҳи Русия аз домани Ғарб низ гирифтааст.
Гуфта мешавад, пас аз таҳримот арзиши газу бензин ва дигар манобеи энержӣ дар Аврупо ба таври рекордӣ боло рафтааст ва ин ҳоло охири кор нест.
Бузургтарин корхонаҳои саноатӣ низ бо мактуби дастаҷамъӣ аз Брюссел хостаанд, ки дар ин ҷиҳат як тасмими дуруст бигирад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад, аммо то кунун ҷонибҳо ба ягон дастоварди чашмрас даст наёфтаанд.