ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Валид бин Абдурраҳмон Аррушайдон, сафири нави Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкориро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мулоқот 15-уми март сурат гирифта, мубориза бо ҷинояткорӣ аз мавзуъҳои меҳварии он буд.
Раҳимзода Аррушайдонро барои таъйинаш ба мақоми пурмасъули сафирӣ шодбош гуфта, барои ҳамкориҳояш изҳори сипос кардааст.
Вазири умури дохилӣ бо сафири нав масъалаи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, терроризм ва экстремизмро дар миён гузоштааст.
Аррушайдон азмашро барои таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо баён дошта афзуд, ки мардуми ду кишвар дар оянда боз ҳам наздиктар хоҳанд шуд.
"Давлати Арабистони Саудӣ кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Тоҷикистон боз ҳам бештар шаванд. Зеро мардуми Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид", -.илова намудааст сафир.
Валид бин Абдурраҳмон Аррушайдон дар мақоми сафирӣ Абдулазиз Муҳаммад Албодиро иваз кард, ки рисолати дипломатияш дар Душанбе соли 2016 оғоз шуда, соли 2021 поён ёфт.
Сафири нави Саудӣ аввали моҳи равон эътимодномаашро ба Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон таслим кард.