ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар Хатлон масоилеро мушаххас кард, ки милисаҳо ба онҳо бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Раҳимзода дар мулоқот бо ҳайати шахсии мақомоти умури дохилии Хатлон аз вазъи сиёсии мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтааст. Ӯ дар хитоб ба кормандони мақомоти дохилии Хатлон аз авзои мураккаби Афғонистон ёдовар гардида, пешгирӣ аз ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризму экстремизмро муҳим хондааст.
Генерал таъкид намудааст, ки бояд тамоми талошҳо барои ҷилавгирӣ аз ворид шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро равона гарданд.
Вазири корҳои дохилӣ хостори пурзӯр намудани фаъолияти оперативӣ-хидматӣ шуда, аз маъмурини милиса даъват кардааст, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ зиракию ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз дастуроти дигари мулоқоти Раҳимзода ба тобеинаш дар Хатлон будааст.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки ахиран дар Раёсати мақомоти умури дохилии вилояти Хатлон дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд.
Полковник Нозимзода Файзулло Ватан, ки то охирҳои моҳи феврал сардори милисаи Кӯлоб буд, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъйин гардид. Генерал-лейтенант Солеҳзода Искандар, аз роҳбарии мақомоти умури дохилии Хатлон барканору ба вазифаи сардори РВУД дар нақлиёт таъйин шуд. Генерал Фотеҳ Қунғуротзода мақоми сардори милисаи Кӯлобро гирифт.