ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Нерӯҳои Русия дар пайи амалиёти вижа вилояти Херсони Украинаро ишғол карданд, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати мудофиа, генерал-майор Игор Канашенков.
"Аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Русия тамоми қаламрави вилояти Херсон зери назорати комил гирифта шуд", - таъкид намуд ӯ.
Конашенков афзуд, ки нерӯҳои Ҷумҳурии Донетск низ дар навбати худ хатти дифои миллатгароёни украиниро шикаста, маҳаллаи истиқоматии Пантелеймоновкаро пурра зери назорат гирифта, ба маҳаллаҳои Верхнеторетское ва Новоселовка-2 наздик омаданд.
Назорати комил ба вилоят дар ҳолест, ки нерӯҳои Русия маркази маъмурии он - шаҳри Херсонро 2 март ишғол карда буданд. Дар пайи ин ҳамкорӣ бо шаҳрдорӣ барои барқарорсозии кори иншооти иҷтимоӣ, таъмини тартибот ва амнияти аҳолӣ роҳандозӣ шудаст. Ба шаҳр кумаки гуманитарӣ интиқол дода шуд, афзуданд мақомоти Русия.
Ин дар ҳолест, ки Кремл мегӯяд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар оғози амалиёти низомӣ дар Украина фармон дод, ки ҳамла ба шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Киев ба таври фаврӣ сурат нагирад. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар суҳбат бо хабарнигорон ҳадафи ин дастури Путинро ҷилавгирӣ аз қурбониёни зиёд миёни аҳолии осоишта хонд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.