Аз манъи билету китобфурӯшӣ то пулҷамъкунӣ. Дастури вазир баъди суҳбати ошкорои омӯзгорон

Вазири маориф ва илми навтаъйини Тоҷикистон бо шароити макотиб дар шаҳри Ваҳдат шинос шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз забони омӯгорони мактаби рақами 55-и шаҳри Ваҳдат мушкилоташонро шунид.
Тибқи иттилои Вазорати маориф, Саидзода зимни боздидаш аз шаҳри Ваҳдат изҳор доштааст, ки ҳадаф аз ин сафар огоҳ шудан аз вазъи соҳа ва шунидани мушкилот аз забони худи омӯзгорон мебошад.
"Омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 55 ба вазир аз норасоии китобҳои дарсӣ, омӯзгори фанни забони англисӣ, таъмирталаб будани муассиса, фурӯши билетҳои киною театр ва китобҳои гуногун, санҷишҳои ғайрисоҳавию ғайринақшавӣ гуфтаанд", - хабар дод вазорат.
Вазири маориф ва илм дар пайи шунидани арзи омӯзгорон аз муовини раиси шаҳр ва сардори Раёсати маориф хостааст, барои таъмири капиталии муассиса чора андешанд.
Вазорат барои мактабҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон омӯзгор меҷӯяд
Раҳим Саидзода ҳамчунин таъкид намудааст, ки барои манъи фурӯши ҳама гуна китобҳои ғайрисоҳавӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалб нагардидани омӯзгорон ба ҷамъоварии маблағ барои фурӯши билетҳои киною театр ва амсоли инҳо чораҳои дахлдор андешанд.
Вазир ҳамчунин аз ҷалби хонандагон ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ, фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо истифодаи технологияи муосир суҳбат карда, хостори баланд бардоштани сифати таълим шудааст.
Дар доираи боздидаш Саидзода ҳамчунин ду омӯзгори мактаби рақами 55-омӯзгори фанни физика Исмоил Ибрагимов ва омӯзгори фанни забони русӣ Кибриё Раҳимоваро бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ кардааст.
Дар маҷмуъ дар ин муассиса 46 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд, ки 42 нафарашон таҳсилоти олӣ, 2 нафар таҳсилоти олии нопурра ва 2 нафари дигар таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд.