Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров гуфт, Маскав ҷанги ҳаштсолаи Киевро хотима медиҳад

Вазири умури хориҷаи Русия мегӯяд, Маскав ҷангеро, ки Киев дар тӯли ҳашт сол алайҳи Донбасс дошт, хотима медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия ҷангеро, ки режими Киев дар тӯли ҳашт сол алайҳи аҳолии Донбасс роҳандозӣ карда буд, хотима медиҳад.
Қаблан Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон гуфта буд, Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина аз ӯ хостааст, паёме ба Лавров дар бораи зарурати ҳалли сиёсӣ қазияи Украина бирасонад.

"(Вазири хориҷаи Эрон) хостаҳои оқои Кулебаро ироа кард, ки бояд ҳарчи зудтар ҷангро қатъ кард. Ман шуморо итминон дода метавонам, ки мо маҳз ҳамин тавр мекунем. Мо ҷангеро, ки режими Киев алайҳи аҳолии Донбасс муддати ҳашт сол давом медиҳад, қатъ мекунем", - таъкид намуд дипломати рус.

Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Ҳушдори вазири Чин аз паёмади таҳримҳо алайҳи Русия ва пешниҳодаш барои роҳи ҳал
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.