Песков дар бораи таҳримҳо: Ҳеҷ коре бе ҳикмат нест

Сухангӯи Кохи Кремлин дар бораи таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия гуфт, ҳеҷ коре бе ҳикмат нест, мо кӯшиш менамоем, ки мушкилотро ба манфиати худ истифода кунем
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, мақомоти кишвар талош доранд, аз мушкилоте, ки бар асари таҳримҳо ба вуҷуд омадааст, ба нафъи худ истифода кунанд.
“Иктисоди Русия душвориҳоро аз cap мегузаронад, вале ҳар як душворие, ки айни замон мо аз cap мегузаронем, барои тараққиёт, бозсозӣ, ба даст овардани истиклоли бештар, барпо намудани соҳаҳои нави саноатӣ истифода хоҳем кард. Мо як зарбулмасали хубе дорем: “ҳеҷ коре бе ҳикмат нест”. Кӯшиш мекунем, душвориҳои мавҷударо ба манфиати худ истифода намоем”, - гуфт сухангӯи Кремл.
Илова бар ин вай бо изҳороти сухангӯи Кохи Сафед Ҷен Псаки, ки як рӯз пеш гуфта буд, Иёлоти Муттаҳида дар якҷоягӣ бо шариконаш иқтисоди Русияро бо кӯмаки таҳримҳо комилан шикаст додааст, розӣ нест.
Қодиров: Ғарб фақат бо таҳрим таҳдид мекунад, дӯстӣ намехоҳад
Чанде пеш Мария Захарова, намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия гуфта буд, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ғайриқонунӣ мебошанд.
“Мо боварӣ дорем, ки ин таҳримҳо ғайриқонунӣ мебошанд. Мо кайҳо дарк кардем, ки ин ягона абзори раҳбарони кишварҳои ғарбӣ алайҳи мост, то рушди моро боздорад”, - гуфта буд хонум Захарова.
Пештар Амрико, Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо дар посух ба эътирофи ҶМД ва ҶМЛ Русияро таҳрим карданд.