Тасмими боздиди Комиссари олии паноҳандагони СММ аз Тоҷикистон

Комиссари олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон боздид ва бо мақомоти расмии ин кишвар гуфтугӯ хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15мар — Sputnik. Филиппо Грандӣ, комиссари олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар таърихи 17-18 март вориди Тоҷикистон мешавад ва бо мақомоти олии кишвар гуфтугӯ мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Тибқи иттилои манбаъ, комиссари олии паноҳандагони СММ бо мақомоти Тоҷикистон дар мавзуи вуруди паноҳандагон ба ин кишвар ва талош барои пайдо кардани роҳҳалҳои пойдор барои паноҳандагон гуфтугӯ хоҳад кард.
Инчунин қарор аст, комиссари олии СММ бо вазъияти искони паноҳҷӯён дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ошно хоҳад шуд.
ВУХ теъдоди дақиқи паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистонро гуфт
Дар ҳоле ки буҳрони башарӣ умдатан дар дохили Афғонистон идома дорад, комиссари олии паноҳандагони СММ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар робита ба боло бурдани сатҳи омодагӣ нисбат ба вуруди эҳтимолии паноҳандагон ва вокуниши ниҳодҳои зидахли давлатии ин кишвар мутобиқ бо шартҳои ҳифозати байналмиллалӣ ҳамкорӣ анҷом медиҳад.
Бар асоси гузориши комиссари олии паноҳандагони СММ, то охири соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 773 нафар паноҳҷӯ сабти ном шудааст.