ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон заминларзае сабт шуд, гузориш медиҳад маркази зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Ба гуфтаи зилзилашиносон, ҷунбиш дар ҳудуди ин ҷумҳурӣ, соати 11:29 ба вақти маҳаллӣ рӯх дода, шиддати он 4,7 балл гуфта мешавад.
Гуфта мешавад, заминларза дар умқи 15-километрӣ ба вуҷуд омадааст.
Заминларзаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ эҳсос шудааст. Масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар 126 километр будааст.
Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод, ки қувваи зилзила дар ҳудуди вилояти Тошканд эҳсос шудааст, ки он 2 балл гуфта мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолӣ аз ин зилзила хабар надодааст.
Ёдовар мешавем, Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон гуфта буд, ки ин кишвар, Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи манотиқи аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором вориданд, аз ин рӯ ларзишҳои замин дар ин кишварҳо зуд-зуд рӯх медиҳанд.
Хусусан аксари вақт онҳо дар фасли баҳор эҳсос хоҳанд шуд.
Мавриди зикр аст, ки охирин ларзиш дар Тоҷикистон 12 март, соати 01:52 ба вақти Душанбе сабт шуда буд.